Хушо дарде, ки дармонаш ту бошӣ
Хушо роҳе, ки поёнаш ту бошӣ
Хушо чашме, ки рухсори ту бинад
Хушо мулке, ки султонаш ту бошӣ
Хушо он дил, ки дилдораш ту гардӣ
Хушо ҷоне, ки ҷононаш ту бошӣ
Хушиву хуррамиву комронӣ
Касе дорад, ки хоҳонаш ту бошӣ
Чӣ хуш бошад дили умедворӣ
Ки умеди дилу ҷонаш ту бошӣ
Ҳама шодӣ ишрат бошад, эй дӯст
Дар он хона, ки меҳмонаш ту бошӣ
Гулу гулзор хуш ояд касеро
Ки гулзору гулистонаш ту бошӣ
Чӣ бок ояд зи кас онро, ки ӯро
Нигаҳдору нигаҳбонаш ту бошӣ
Мапурс аз куфру имон бедилеро
Ки ҳам куфру ҳам имонаш ту бошӣ
Барои он ба тарки ҷон бигӯяд
Дили бечора, то ҷонаш ту бошӣ
"Ироқӣ" толиби дард аст доим
Ба бӯи он ки дармонаш ту бошӣ
Ту бошӣ!
- بازدید: 1439