Бо санги ҳар гуноҳ парамро шикастаам
Оҳ эй Худо, худам камарамро шикастаам
На роҳи пеш монда бароям на роҳи пас
Пулҳои амни пушти сарамро шикастаам
Ман дона-дона ашки худамро фурӯхтаам
Нархи тилоии гуҳарамро шикастаам
Дигар маро нишони худам ҳам намедиҳанд
Оинаҳои гирди барамро шикастаам
Дунё шикастхӯрдатар аз ман надидааст
Ҳоло ба санг хӯрда, сарамро шикастаам
Ором кун марову дар оғӯши худ бигир
Ҳоло, ки буғзи шӯълаварамро шикастаам
Роҳам бидеҳ ба боғи ҷинон пурсамар маро
Ман тавба кардаам, табарамро шикастаам
Ҳоло бибин, ки ғайри гадоӣ чӣ мекунам?
Дар пешгоҳи ту ҳунарамро шикастаам