Ҳар дил, ки ишқ варзад аз мову ман барояд
Кӯшам ба ҷон дар ин кор то ҷон зи тан барояд
Аз ишқ нест хуштар гаштам ҷаҳон саросар
Сӯи яқин гар ояд аз шакку зан барояд
Заҳри фироқ нӯшам, баҳри висол кӯшам
Ҳукмаш ба ҷон нюшам то коми ман брояд
Гар сар диҳам нафасро оташ фитад дар афлок
Гар дар чаман кашам оҳ, дуд аз чаман барояд
Гар оташи ниҳонам пайдо шавад ба маҳшар
Дӯзах бисӯзад аз рашк дудаш зи тан барояд
Гар рӯи ту бибинам ҳангоми ҷон супурдан
Қабрам биҳишт гардад нур аз кафан барояд
Бар боди бӯи зулфат ар ҷон шавад зи қолаб
Сунбул зи хоки қабрам мушк аз бадан барояд
Ҳамди ту менигорам бар лавҳи ҳар ҳавое
Шукри ту мегузорам ҳар ҷо сухан барояд
Гар шеъри "Файз" хонад воиз фарози минбар
Бас оҳи оташафрӯз аз марду зан барояд
Барояд
- بازدید: 1499