Омӯзгори Қуръон,
Эй гавҳари маонӣ!
Омухтӣ бароям,
Оёти осмонӣ.
Дар пои тахта гуфтӣ:
Қуръон баҳори дилҳост.
Савғотии Муҳаммад,
Ин як китоби зебост.
Оҳанги дарси Қуръон,
Овои меҳрубонист.
Ҳар қиссаи қашангаш,
Сармашқи зиндагонист.
Бо ранҷи худ расондӣ,
Моро ба ганҷи имон.
Ин ганҷ аз ту дорам,
Ин ганҷ ҳаст Қуръон.
Ёдат чароғи роҳам,
Эй шамъи ҷовидонсӯз.
Тасмим дорам онро,
Хонам ба ҳар шабу рӯз .
Ризо Наботӣ