Дарси озодӣ ба дунё дод рафтори Ҳусейн
Базри ҳиммат дар ҷаҳон афшод афкори Ҳусейн
Ҷони худро дар раҳи сидқу сафо қурбон кард
З-ин сабаб то ҳашр бошад гарм бозори Ҳусейн
Бо қиёми хеш бар аҳли ҷаҳон маълум кард
Тобеи аҳли ситам гаштан бувад ори Ҳусейн
Ҳаққу ботилро ба хуни хеш кард аз ҳам ҷудо
Оре-оре то абад барҷост осори Ҳусейн
Зиндагӣ пайкор бошад дар раҳи андешаҳо
Бошад ин гуфтори ширину гуҳарбори Ҳусейн
Гар надорӣ дин ба олам лоақал озода бош
Ин каломи нағз мебошад зи гуфтори Ҳусейн
Марги бо иззат зи айши дар мазаллат беҳтар аст
Нағмае мебошад аз лаъли дурарбори Ҳусейн
Не раёсат, не дурангӣ, не дағал дар кор буд
Баҳри тарвиҷи ҳақиқат буд, пайкори Ҳусейн
Не ҳавохоҳаш мусулмонон ба давронанду бас
Балки ҳар озода мебошад ҳаводори Ҳусейн
Дод дарси ёриву ҷонибозиву мардонагӣ
Бар ҳама аҳли ҷаҳон Аббос сардори Ҳусейн
Ҷону молу ёваронаш шуд фидои ҳақ, чунин
Родмардонро бувад сармашқ, рафтори Ҳусейн
Сармашқи озодагон
- بازدید: 1452