То кай ба таманнои висоли ту ягона
Ашкам шавад, аз ҳар мижа чун сел равона
Хоҳад ба сар ояд, шаби ҳиҷрон ту ё на?
Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна
Рафтам ба даир савмиаи обиду зоҳид
Дидам ҳамаро пеши рухат, рокиу соҷид
Дар майкада, рӯҳбонаму дар савмиа, обид
Гаҳ мӯътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид
Яъне, ки туро металабам хона ба хона
Рӯзе, ки бирафтанд ҳарифон паи ҳар кор
Зоҳид сӯи масҷид шуду ман ҷониби хаммор
Ман ёр талаб кардаму ӯ ҷилвагаҳи ёр
Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор
Ӯ хона ҳаме ҷӯяду ман соҳиби хона
Ҳар дар, ки занам, соҳиби он хона туӣ ту
Ҳар ҷо, ки равам, партави кошона туӣ ту
Дар майкадаву дайр, ки ҷонона туӣ ту
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ ту
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона баҳона
Булбул ба чаман, з-он гули рухсор нишон дид
Парвона дар оташ шуду асрор аён дид
Орифсифат рӯи ту дар пиру ҷавон дид
Яъне ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид
Девона манам, ман, ки равам хона ба хона
Оқил, ба қавонини хирад, роҳи ту пӯяд
Девона, бурун аз ҳама, оини ту ҷӯяд
То ғунчаи бишкуфтаи ин боғ, ки бӯяд
Ҳар кас ба забоне, сифати ҳамди ту гӯяд
Булбул ба ғазалхониву қумрӣ ба тарона
Бечора баҳое, ки дилаш зори ғами туст
Ҳарчанд, ки осист, зи хайли хадами туст
Умеди вай аз отифати дам ба дами туст
Тақсири хаёлӣ ба умеди карами туст
Яъне, ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона
Таманнои висол
- بازدید: 2123