Эй муаллим, эй азиз!
Эй ҳамеша бо ҷаҳолат дар ситез!
Рӯзгорат офтобӣ боду дунёят зулол
То қалам шуд дасти ту аз теғ, тез
Гашт торикӣ мариз
*
Равшанӣ доди маро
Тарбият кардӣ дар ободӣ маро
Бо се бахши «о»-ву «зо»ву «дӣ» кушодам болу пар
Додӣ он дам дарси «озодӣ» маро
Як ҷаҳон шодӣ маро
*
Хонаат обод бод
Аз ту ҳар асру замоне ёд бод
Эй муаллим, эй чароғи зиндагониву вуҷуд
Ғуссаҳоят як ба як барбод бод
Бар ту аз ҳақ дод бод
*
Шодмон бошӣ туро
Мӯҳтарам дар ҳар замон бошӣ туро
Эй муаллим, эй ҷаҳони пур зи лаззатҳои ту
Да р мақоми орифон бошӣ туро
Ҷовидон бошӣ туро