Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам махӯр
Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон ғам махӯр
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад дил бад макун
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон ғам махӯр
Гар баҳори умр бошад боз бар тахти чаман
Чатри гул дар сар кашӣ эй мурғи хушхон ғам махӯр
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт
Доиман яксон набошад ҳоли даврон ғам махӯр
Ҳон машав навмед чун воқиф наӣ аз сирри ғайб
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон ғам махӯр
Эй дил ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад
Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон ғам махӯр
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам
Сарзанишҳо гар кунад хори мағилон ғам махӯр
Гарчӣ манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид
Ҳеҷ роҳе нест к-онро нест поён ғам махӯр
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон ғам махӯр
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон ғам махӯр
Ғам махӯр
- بازدید: 1421