Бузург фалсафаи қатли шоҳи дин ин аст
Ки марги сурх беҳ аз зиндагии нангин аст
Ҳусейн мазҳари озодагиву озодист
Хушо касе, ки чунинш марому оин аст
На зулм кун ба касе на ба зери зулм бирав
Ки ин мароми Ҳусейн асту мантиқи дин аст
Ҳамин на гиря бар он шоҳи ташналаб кофист
Агарчи гиря бар оломи қалб таскин аст
Бибин, ки мақсади олии вай чӣ буд, эй дӯст
Ки дарки он сабаби иззу ҷоҳу тамкин аст
Зи хоки мардуми озода бӯи хун ояд
Нишони мардиву осори пайравӣ ин аст
Хушдили Теҳронӣ
Иззати Ҳусейнӣ
- بازدید: 1406