Имрӯз қалби оламу Одам Ҳирои туст
Ин кӯҳи Нур шоҳиди ҳарфи Худои туст
Макка дигар барои бузургит кӯчак аст
Фарёд кун Расул, ки дунё барои туст
Иқраъ биисми раббика ё аюҳаррасул
Қуръон бихон амин, ки ҳамин ошнои туст
Лоту Ҳубал барои ту таъзим кардаанд
Вақте, ки қалби санги узои фидои туст
Хуршеду моҳ байни ду дасти ту дилхушанд
Яъне тамоми такяи олами асои туст
Баъд аз ҳазор сол дигар мешиносамат
Вақте, ки ҷой-ҷои дилам радди пои туст
Фарёдатон тамом заминро гирифтааст
Имрӯз ҳар чӣ мешунавам аз садои туст
Маҳмуди Жулида
Бар қуллаи бандагӣ
- بازدید: 1339