Қуръон бихон, ки бехабаронро хабар кунӣ
Бар қалби санг, бо сухани худ асар кунӣ
Қуръон бихон, зи ҷаҳл, халоиқ раҳо шаванд
Равшан фазои зулмати маҳзи башар кунӣ
Қуръон бихону коми азизон асал бирез
То ин ки дӯстони Худо бештар кунӣ
Қуръон бихон башорату инзор кун Расул
Қуръон бихон, ки шоми ҷавонон саҳар кунӣ
Қуръон бихон, ба ҷилваи ту саҷда мекунанд
Сангу гиёҳ, чунки зи ҳар ҷо гузар кунӣ
Эй он ки хок бо назарат кимиё шавад
Бошад зи лутф сӯи дили мо назар кунӣ
Сӯи мо назаре
- بازدید: 1378