Мегузаштед аз миёни кӯчаҳо, бо ҳар табассум
Кӯча мешуд дар фазои атри лабҳои шумо, гум
Эй паёми сабзи ҷорӣ, дар нигоҳи осмонҳо
Оҳ аз оину аз оинаҳои қалби мардум
Дидани хуршед аз наздик боваркарданӣ нест?
Ман шуморо дар хаёлам мекунам вақте таҷассум !
Ояти дарёи раҳмат, набзи ҷорӣ дар ҳақиқат
Дарди мо, имрӯз яъне лаҳзаҳои бетараҳҳум
Меҳрубоно, кош мешуд, бори дигар ҳам бипечад
Савти Қуръони шумо, дар каъбаи сабзи тараннум
Эй биҳишти орифона, мо биёбону ба лутфат
Гул кунад дар сина шояд, ишқу имону тафоҳум
Сайидалӣ Асғари Мусавӣ