Он шаб ситора
То субҳ борид
Равшан тар аз пеш
Маҳтоб тобид
Дунё либосе
Аз нур пӯшид
Қалби малоик
Аз шавқ ҷушид
Рӯи замин шуд
Монанди гулшан
Аз нур шаб шуд
Чун рӯз равшан
Он нуру гулҳо
Он шӯру ғавғо
Он шаб бароям
Шуд як муаммо
То субҳ он шаб
Ҷашне ба по буд
Сарчашмаи нур
Ғори Ҳиро буд
Зеро дар он шаб
Пайғамбари мо
Аз ҷониби Ҳақ
Шуд раҳбари мо
Алиасғар Нусратӣ