Ман киям? Як ғори кӯчак
Рӯи як куҳи баландам
Пеш аз ин ки ӯ биёяд
Қалби ман пур буд аз ғам
Ман фақат як ғор будам
Сарду танҳо сангиву сахт
Аз ҳамон рӯзе, ки омад
Ман шудам як ғори хушбахт
Кош имшаб ҳам биёяд
Боз ҳам Қуръон бихонад
Орзу дорам Муҳаммад
Пеши ман хеле бимонад
Ӯ ки меояд дили ман
Мешавад аз тирагӣ дур
Ҳоли ман хуб аст бо ӯ
Мешавад лабрез аз нур
Ғори Ҳиро
- بازدید: 1635