Офтоби оламоро офтобӣ мекунад
 Бо ашиъа ранги дилҳоро шаҳобӣ мекунад
 Ин чӣ дарёест эъҷози ҳисобӣ мекунад
 Чашми ҳар бинандаашро нуқраобӣ мекунад
 Худ дил аст ин, дилбар аст ин, раҳнамову раҳбар аст
 Ин расули ҳақ Муҳаммад, ҳазрати пайғамбар аст
 Кӯҳи Нуру сахраҳояш хам шуда дар саҷдааш
 Ошно Ғори Ҳиро бо нағмаи ҳар саҷдааш
 Бутаҳои ин биёбон гӯиё дар саҷдааш
 Мекунад ҳам хоку боду обу озар саҷдааш
 Кист ин Ҷибрил дорад май ба ҷомаш медиҳад
 Ҳам Худо, ҳам Макка, ҳам ҳастӣ, саломаш медиҳад
 Дар садоқат дар амонат доимо бошад масал
 Ҳастиаш холӣ бувад аз айбу ҳар нақсу халал
 Гавҳари гуфтори ӯ ширинтар аз шаҳди асал
 Бар лабаш тарроҳии “Ҳайя ало хайриламал”
 Кинаҳои монда дар дил бо ухувват хатм шуд
 То ки бо дасти Муҳаммад ин нубувват хатм шуд
 Иди мабъас омаду дида чароғонӣ шуда
 Деви ҷаҳлу ноумедӣ сахт зиндонӣ шуда
 Арш биншаста ба фаршу фасли меҳмонӣ шуда
 Рӯҳи мо бо зикри Аҳмад рӯҳи рӯҳонӣ шуда
 Лаҳзаи парвоз омад болҳоро боз кун
 Шодии беъсат бад-ин пар-пар задан оғоз кун

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст