Эй гавҳари поки офариниш
Эй раҳбари аҳли илму биниш
Эй бо дили поку рӯҳи огоҳ
Дарёфт намудӣ ҳукми Аллоҳ
Рӯзе, ки сиришт Ҳақ гили мо
Ҳубби ту намуд дар дили мо
Чун ҳиммати ту кунад парвоз
Ҷибрил бимонад аз сафар боз
Эъҷози ту Қуръони мубин аст
То ҳашр нишонаи яқин аст
Аз ҳазрати Ҳақ атои Кавсар
Бар ту шуду душмани ту абтар
Эй хотами анбиё ба номат
Ҳақ бо малакаш кунад саломат
Дастури Худо барои мӯъмин
Гӯяд салавот-салому омин
Аҷри ту маваддати қарибон
Анҷоми маваддат аст имон
Улгуи накӯи мӯъминонӣ
Хулқи ту азиму ҷовидонӣ
Аз раҳмати Ҳақ басе нишонӣ
Ҳам аҳли яқинро амонӣ
Тавфиқи Худой сипос гӯям
То роҳи саодати ту пӯям
Машмули инояти ту гардам
Хоҳони шафоати ту ҳар дам
Ё Раб салавоту луфти беҳад
Бар Аҳмаду Оли поки Аҳмад
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст