Ба пой хез, ки дилҳо зи шавқ об шаванд
Ки зарраҳо ба туфайли ту офтоб шаванд
Бихон ба номи Худое, ки рабби аъло аст
Ки лолаҳо ҳама паймонаи гулоб шаванд
Амини ваҳйю нубувват ба зикри номи Худо
Бихон, ки бохабар аз матни ин китоб шаванд
Саманди соиқа зин кун Худо накарда мабод
Ки бе адолативу ҷаҳл ҳамрикоб шаванд
Расули наҳзати бедории замон, магзор
Ки пилкҳои ба ҳам баста гарми хоб шаванд
Шитоб кун, ки равонҳои ташнаи имон
Раҳо зи панҷаи тардиду изтироб шаванд
Ба як ишораи ту, барг дар хазонрезаш
Латифу тоза чу нилуфарони об шаванд
Бихон ҳадиси муҳаббат, ки бардагони сиёҳ
Дар ин кавир, дурахшонтар аз шаҳоб шаванд
Бигир дасти ҳама побараҳнагони замин
Ки ин шикастадилон молики риқоб шаванд
Ятими Омина, асҳоби сарсупурдаи ту
Талоядори зафарманди инқилоб шаванд
Саҳар, ки ояд аз истиҷобати дуо хонанд
Умедвори дуоҳои мустаҷоб шаванд
Бедоргари дилҳо
- بازدید: 1554