Борон гирифту сақфи Мадоин нишаст кард
Дандонаҳои кунгура қасди шикаст кард
Нуре ба саҳни маъбади зардуштиён расид
К-оташкада зи нобии он нур маст кард
Боло баланд омаду ҳар қулларо, ки буд
Дар зери по ниҳодаву поину паст кард
Дар ҳар диле нишасту ба шакле зуҳур дошт
Ин гуна буд, ки оинаро худпараст кард
Вақте савол кардам аз ӯ бо ишорае
Дар посухам ба пурсиши рӯзи аласт кард
Ҳуснаш ба ғоят асту зуҳураш қиёмат аст
Зеботарин ҳар ончи, ки зеботар аст кард
Файзи муқаддасиву тааҷҷуб намекунам
Ин олами вуҷуд ба юмни ту ҳаст кард.
Аллоҳумма саллӣ ало Муҳаммадин ва Оли Муҳаммад
БОРОНИ ҲАЁТ
- بازدید: 1448