Соқии Кавсар хуш омад
Ҷони Пайғамбар хуш омад
Баҳри Заҳрои мутаҳҳар
Ҳамдаму ҳамсар хуш омад
Каъба гашта зодгоҳаш
Медурахшад рӯи моҳаш
Усваи имону исор
Дидагонам фарши роҳаш
Ҳастӣ гашта нурборон
Нури Ҳақ гардида тобон
Фотима бинти Асадро
Шери Ҳақ бошад ба домон
Зикри лабҳо ёду номаш
Медиҳад ҳастӣ саломаш
Дар амал марди Худоӣ
Ҳикмату гавҳар  каломаш
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст