Ба ҳангоми ғарибӣ дастгири ту Худо бошад
Паноҳи бепаноҳон саҷдаву зикру дуо бошад
Ҳар он кас меканад чоҳе барои дигарон рӯзе
Гирифтори суқути беамон дар ду саро бошад
Шумо мардони майдонед на мискину на нодонед
Ҳаром аз луқмаи поки шумо хоҳад гадо бошад
Азизон интизори дидани рӯи шумо доранд
Агарчӣ дардманданд дидани рӯят даво бошад
Ба ҳиммат бо таваккул дар талоши обрӯи худ
Балову дасти номардон зи атрофат ҷудо бошад
Расад рӯзе, ки нуронӣ шавад шоми ғарибон ҳам
Машав навмед чун пушту паноҳи ту Худо бошад
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст