Падар, эй вуҷудам аз ту қудрату тавон гирифта
Аз нафасҳои ту инак ҳастии ман ҷон гирифта
Падар, эй ки аз ту ҷорӣ хуни зиндагӣ ба рагҳо
Эй ки аз нури ду чашмат нур меборад ба дилҳо
То ки ғунчаи вуҷудам гули навшукуфта гардид
Тану рӯҳи ту падарҷон чӣ қадар куфта гардид
Падари азизам имрӯз ғами дуриат гарон аст
Зиндагӣ чӣ сахт бе ту ба раҳи худаш равон аст
Хоҳам аз Худой раҳмат, ки ба лутф кунад иҷобат
Қабри ту пурнур бодо оқибат ҷои ту ҷаннат
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст