Омад садои по
Аз сӯи зинаҳо
Яъне кунун падар
Ояд канори мо
Вақте ба дасти ӯ
Дар боз мешавад
Шодиву дилхушӣ
Оғоз мешавад
Бо он ки хаста аст
Бо меҳр бар сарам
Дасти навозишаш
Ҳам болу ҳам парам
Аз хандаҳои ӯ
Хушҳол мешавам
То авҷи осмон
Бе бол меравам
Дар зиндагӣ падар
Хуршеди хона аст
Аз хубии Худо
Доим нишона аст
Падарҷон
- بازدید: 1391