Дар мотами фироқи падар гиря мекунам

Ҳамроҳи шамсу наҷму қамар гиря мекунам

Шабҳову рӯзҳо зи ғамаш мӯя мекунам

То охирин тавони басар гиря мекунам

Хоби шабона аз сари Заҳро паридааст

Монанди шамъ то ба саҳар гиря мекунам

Доғи азим дидаам эй мардумони шаҳр

Бо лаҳни ҷонгудоз агар гиря мекунам

Пайғамбари тавоифи аҳли буко шудам

Қадри тамоми ашки башар гиря мекунам

Хушкад агар ки чашмаи ашкам дубора ман

Бо дидаҳои сурхи ҷигар гиря мекунам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст