Эй сояи Худои ман, эй меҳрубон падар
Ҳастӣ сабаб вуҷуди маро дар ҷаҳон падар
Будӣ падар нишони вуҷуди Худои ман
Аз ту шудам ман орифи ҳақ бегумон падар
Бошад вуҷуди ман зи вуҷуди ту доимо
Биллаҳ шавад фидои ту ин ҷисму ҷон падар
Ту ояте зи сӯи Худо будаӣ маро
Рӯҳу танам зи илми ту шуд пуртавон падар
Умрат нисор кардаӣ баҳрам ту такягоҳ
Будӣ ҳамеша мунис ман ҳар замон падар
Дар роҳи ман ту сина сипар кардаӣ ба ғам
Ҳаст аз ғамам ба сина туро бас нишон падар