Бо ҳама меҳру бо манат кин аст
Чӣ кунам ҳаззи бахти ман ин аст
Шояд эй нафс то дигар накунӣ
Панҷа бо соиде, ки симин аст
Наниҳад пой то набинад ҷой
Ҳар киро чашми маслиҳатбин аст
Масали зиракону чанбари ишқ
Тифли нодону мори рангин аст
Дардманди фироқ сар наниҳад
Магар он шаб, ки гӯр болин аст
Лозим аст эҳтимоли чандин ҷавр
Ки муҳаббат ҳазор чандин аст
Гар ҳазорам ҷавоби талх диҳӣ
Эътиқоди ман он ки ширин аст
Мард агар шер дар каманд орад
Чун камандаш гирифт мискин аст
Саъдиё, тан ба нестӣ дар деҳ
Чора бо сахт бозӯвон ин аст
Ману ту
- بازدید: 1418