Худоё, гар бихонӣ в-ар биронӣ,
Ҷуз инъомат дари дигар надорем.
Сарафрозем, агар бар банда бахшӣ
Вагарна аз гунаҳ сар барнадорем.
Зи мушти хок моро офаридӣ,
Чӣ гуна шукри ин неъмат гузорем?
Ту бахшидӣ равону ақлу имон
В- агарна мо ҳамон мушти ғуборем.
Нагуфтам хидмат овардему тоат,
Ки аз тақсири хидмат шармсорем.
Мабод он рӯз дар даргоҳи лутфат,
Ба дасти ноумедӣ сар бихорем.
Шаробе дар азал ӯ дод моро,
Ҳанӯз аз тоби он май дар хуморем.
Чу ақл андар намегунҷад, ту Саъдӣ,
Биё, то сар ба шайдоӣ барорем.