Зи кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафурӯзӣ
Чу гул гар хӯрдае дори Худоро сарфи ишрат кун
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон маст маи лаъл аст
Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ
Ба гулзор ой к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ
Чу имкони хулуд эй дил дар ин фирӯза айвон нест
Маҷоли айш фурсат дон ба фирӯзиву беҳрӯзӣ
Тариқи комбахшӣ чист, тарки ком худ кардан
Кулоҳи сарварӣ он аст к-аз ин тарк бардузӣ
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири Наврӯзӣ
Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ
Мае дорам чу ҷон софиву сӯфӣ мекунад айбаш
Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бадрӯзӣ
Ҷудо шуд ёри ширинат кунун танҳо нишин эй шамъ
Ки ҳукми осмон ин аст агар созиву гар сӯзӣ
Ба уҷби илм натавон шуд зи асбоби тараб маҳрум
Биё соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзе
Меандар маҷлиси осиф ба Наврӯзи ҷалолӣ нӯш
Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро соз Наврӯзӣ
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Туроншоҳ
Зи мадҳи осифӣ хоҳад ҷаҳон идиву Наврӯзӣ
Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ
Ҳофизи Шерозӣ
Насими боди Наврӯзӣ
- بازدید: 1555