Ёро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бар оварӣ
Дарёб к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст
На ҳар, ки чашму гӯшу даҳон дорад одамист
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст
Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сирате
Ё лутфи суратест дигар ҳашви олам аст
Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахӯрдаам
Ҷуз бар ду рӯи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст
В-он сангдил, ки дида бидузад зи рӯи хуб
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ
В-ар ҳаст дар муҷовирати ёри маҳрам аст
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил
Дидори дӯстон, ки бибинанд марҳам аст
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст
Мумсик барои мол ҳама сола тангдил
Саъдӣ ба рӯи дӯст ҳама рӯза хуррам аст