Марям аз як нисбати Исо азиз
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз
Нури чашми раҳматунлилоламин
Он имоми аввалину охирин
Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид
Рӯзгори тоза оин офарид
Бонуи он тоҷдори ’’Ҳал ато ‘‘
Муртазо мушкилкушо шери Худо
Подшоҳу кулбае айвони ӯ
Як ҳисому як зиреҳ сомони ӯ
Модар он маркази паргори ишқ
Модари он корвонсолори ишқ
Он яке шамъи шабистони ҳарам
Ҳофизи ҷамъияти хайрулумам
То нишинад оташи пайкору кин
Пушти по зад бар сари тоҷу нигин
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон
Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн
Аҳли ҳақ ҳурриятомӯз аз Ҳусайн
Сирати фарзандҳо аз уммаҳот
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот
Мазраъи таслимро ҳосил Батул
Модаронро усваи комил Батул
Баҳри мӯҳтоҷе дилаш онгуна сӯхт
Бо яҳудӣ чодари худро фурӯхт
Нуриву ҳам оташи фармонбараш
Гум ризояш дар ризои шавҳараш
Он адабпарвардаи сабру ризо
Осиёгардону лаб Қуръонсаро
Гиряҳои ӯ зи болин бениёз
Гавҳар афшонди ба домони намоз
Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин
Ҳамчу шабнам рехт бар арши барин
Риштаи оини ҳақ занҷири пост
Поси фармони ҷаноби Мустафост
Варна гарди турбаташ гардидамӣ
Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидамӣ
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Се нисбат
- بازدید: 1342