Ба ҳазрати Муҳаммад(с)
Як одами хеле бад
Озор доду гуфто
Паямбари Худоро
Дигар писар надорӣ
Ту абтару беёрӣ
Худо ҷавобашон дод
Ин ояро нишон дод
Ки ҳар ки гуфта абтар
Худаш шуда беёвар
Мо ба ту Кавсар додем
Аз ҳама беҳтар додем
Ба поси шукри неъмат
Худоро кун ибодат
Халқи Худоро сер кун
Душман шавад сарнагун