Ҷудо шуд яке чашма аз кӯҳсор
Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор
Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт
Карам карда роҳе деҳ, эй некбахт!
Гаронсанги тирадили сахтсар
Задаш силиву гуфт: Дур эй писар!
Наҷунбидам аз сели зӯрозмой
Киӣ ту, ки пеши ту ҷанбам зи ҷой!
Нашуд чашма аз посухи санг сард
Ба кандан дар истоду ибром кард
Басе канду ковиду кӯшиш намуд
К-аз он санги хоро раҳе бар гушӯд
Зи кӯшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид
Ба ҳар чиз хоҳӣ камо ҳӣ расид
Бирав коргар бошу умедвор
Ки аз яъс ҷуз марг нояд ба бор
Гарат пойдорист дар корҳо
Шавад саҳл пеш ту душворҳо
Баҳор

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст