Бӯи баҳор медиҳӣ
Модари меҳрубони ман
Эй ба фидои ҷони ту
Ҷони ману равони ман
Меҳри манӣ, моҳи манӣ
Биё биё канори ман
Туро туро металабад
Ин дили беқарори ман
Дасти туро дасти туро
Дубора бӯса мезанам
Ба хидмати ту доимо
Омода аст ҷону танам
Ҳадяи бенизири ман
Туӣ ҳамон фариштаам
Ба рӯи қалби кӯчакам
Исми туро навиштаам