Гузашта солу соатҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Накардам тарки одатҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Карам кардӣ раҳам додӣ манам шармандаи лутфат
Намудам тарки тоатҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Асири нафсу худхоҳӣ даруни ҷаҳлу гумроҳӣ
Басе дур аз ибодатҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Ту ғаффориву  раҳмонӣ ниҳону ошкор донӣ
Манам ғарқи ҷиноятҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Дуову тавбаам бинмо қабули даргаҳат ё Раб
Шакурам аз иноятҳо пушаймонам, бибахш Аллоҳ!
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст