Шоми ман нуронӣ аст аз нури рӯят, модарам!
Баставу дилбастаи ҳар тори мӯят, модарам!
Лаҳзае, ки дур бошам аз бари пурмеҳри ту
Мепарад мурғи хаёлам сӯи кӯят, модарам!
Бар забони ман намудӣ ҳарф-ҳарфи зиндагӣ
Сер ҳаргиз нестам аз гуфтугӯят, модарам!
Аз қадамҳоят гули ҷаннат ҳунар чидан бувад
Чун гули наврастаам аз оби ҷӯят, модарам...!
Аз Худои меҳрубон хоҳам саодат баҳри ту
Хоки поят тутиё оям ба сӯят, модарам!
Абдусалом