Ба инсон буданат шак кун, агар мустазъафе дидӣ

Вале аз нони имрӯзат ба ӯ чизе набахшидӣ

Ба инсон буданат шак кун, агар чодар ба сар дорӣ

Вале аз зери он чодар ба як девона хандидӣ ...

Ба инсон буданат шак кун, агар қории Қуръонӣ

Вале дар дарки оёташ дучори шакку тардидӣ

Ба инсон буданат шак кун, агар гуфтӣ: Худотарсӣ

Вале аз тарси амволат тамоми шаб нахобидӣ

Ба инсон буданат шак кун, агар ҳар сола дар ҳаҷҷӣ

Вале аз ҳоли ҳамнавъат ту боре ҳам напурсидӣ

Ба инсон буданат шак кун агар марги маро дидӣ

Вале қадри сари сӯзан зи ҷои худ наҷунбидӣ

Ба инсон буданат шак кун, агар дар шодиат мастӣ

Вале бо заррае сахтӣ тамоми умр нолидӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст