Эй модари азиз, ки ҷонам фидои ту
Қурбони меҳрубониву лутфу сафои ту
Ҳаргиз нашуд муҳаббати ёрону дӯстон
Ҳампояи муҳаббату меҳру вафои ту
Меҳрат бурун намеравад аз синаам, ки ҳаст
Ин сина хонаи туву ин дил сарои ту
Он гавҳари ягонаи дарёи хилқатӣ
К-андар ҷаҳон касе нашиносад баҳои ту
Мадҳи ту воҷиб аст, вале кист он касе
К-ояд бурун зи уҳдаи мадҳу санои ту
Ҳар баҳрае, ки бурдаам аз ҳусни тарбият
Бошад зи файзи кушиши бе интиҳои ту
Эй модари азиз, ки ҷон додаӣ маро
Саҳл аст агар, ки ҷон диҳам акнун барои ту
Гар ҷони хешро зи бароят фидо кунам
Кори бузург нест, ки бошад сазои ту
Эй гавҳари ягона чу бархезӣ аз миён
Ҳаргиз каси дигар нанишинад ба ҷои ту
Хушнудии ту мояи хушнудии ман аст
Зеро бувад ризои Худо дар ризои ту
Гар буд ихтиёри ҷаҳонӣ ба дасти ман
Мерехтам тамоми ҷаҳонро ба пои ту
Абулқосими Ҳолат
Модар
- بازدید: 1500