Аз Ҳиро оёти Раҳмону Раҳим омад падид
Ё нахустин ҳарфи Қуръони Карим омад падид
Савти иқраъ бисми раббик мерасад бар гуши ҷон
Ё ки аз куҳи Ҳиро хулқи азим омад падид
Бонги тавҳидаст аз ҳарҷо танин афкан ба гуш
Фаинни асҳобу Шайтони раҷим омад падид
Саиди умми лақаб, бар даст Қуръон мерасад
Ё ба гумроҳон сироти мустақим омад падид
Фош гуям ақли кулл фахри русул мабъус шуд
Онки гардад зи эъҷозаш ду ним, омад падид
Қиссаи лавлок бошад шоҳиди гуфтори мо
Яъне имшаб оламоро аз қадим омад падид
Дар Ҳиро бар Мустафо имшаб шуд аз ҳақ ҷилвагар
Ончи андар тури Сино бар калим омад падид
Нағмаи Аллоҳу Акбар аз Ҳиро то шуд баланд
Бутпарастонро ба тан ларзиш зи бим омад падид
Гар Қурайш ӯро ятимаш хонд аммо дар ҷаҳон
Бас шигифтиҳо азин дурри ятим омад падид
Мунҷии навъи башар дорои оёти мубин
Соҳиби хулқи хушу лутфи азим омад падид
Гуфта “мо узия мисли” ба олам равшан аст
Пешвои халқ бо қалби салим омад падид
Буд агар боғи ҷаҳон пажмурда аз туфони ҷаҳл
Ҳол бар ин бустони хуррам насим омад падид
Гашт мабъус онки олам зинда шуд аз куши ӯ
Фош гуям муҳйии азми раҳим омад падид
Ҳуббу буғзи ӯ нишоне аз биҳишту дузах аст
Қисса кутаҳ, соҳиби нору наим омад падид
Зад тафаъъул Собит аз Қуръон ба номи Мустафо
Ҳарфи Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим омад падид
Собити Хуросонӣ