Саъй кардам ки шавад ёр зи ағёр ҷудо
Он нашуд оқибату ман шудам аз ёр ҷудо
Аз ман имрӯз ҷудо мешавад он ёри азиз
Ҳамчу ҷоне ки шавад аз тани бемор ҷудо
Гар ҷудо монам аз ӯ хуни маро хоҳад рехт
Дили хунгашта ҷудо, дидаи ҷунбор ҷудо
Зери девори сарояш тани коҳидаи ман
Ҳамчу коҳест ки афтода зи девор ҷудо
Ман ки як бор ба васли ту расидам ҳама умр
Кай тавонам ки шавад аз ту ба як бор ҷудо?
Дустон, қимати суҳбат бишиносед, ки чарх
Дустонро зи ҳам андохта бисёр ҷудо
Ғайри он маҳ, ки Ҳилолӣ ба висолаш нарасид
Мо дарин боғ надидам гул аз хор ҷудо
Ҳилоли Чағтоӣ