Аввали мо нестиву охири мо нестист
Ҳасти по дар рикоби мост хобе дар миён
Даст аз дунёву мо фиҳо ба ҷуз менишстаем
Дар миёни мову зуҳҳодаст обе дар миён
Ҳолати пушида аҳбоб дар базми ҳузур
Мешавад зоҳир чу меояд китобе дар миён
Аз сабаб магзар ки пур гавҳар намегардад садаф
Аз карам то пой нагзорад саҳобе дар миён
Ҳар ки баст аз гуфтугу лаб, нест бекайфияте
Куза сарбаста медорад шаробе дар миён
Пусти зиндон аст бар ҳар кас ки дорад ҷавҳаре
Теғи ҷавҳардор дорад печу тобе дар миён
Пеши аҳли ҳол Соиб маҳшари омодаест
Ҳар куҷо бошад саволеву ҷавобе дар миён
Чун садаф дорад хамаш дар хушоби дар миён
Ғунчаи нашкуфтаро бошад гулобе дар миён
Зуд бар ҳам мехурад ҳангомаи ҳусну ишқро
Гар набошад парда шарму ҳиҷобе дар миён
Бар намедорад нафас нашмурда чун субҳ аз ҷигар
Ҳар ки медонад бувад пои ҳисобе дар миён
Ҳаст дар мӯи камар танҳо бутонро печу тоб
Ҳар сари мӯи ту дорад печу тобе дар миён
Нест дар ваҳдат сарои офариниш заррае
Каз фуруғи ӯ надорад офтобе дар миён
Аз ҳавои гавҳари яктои он баҳри муҳит
Ҷаннати дарбаста дорад ҳар ҳубобе дар миён
Дидаи равшандилон бепарда мебинад лиқо
Ҳаст агар дар чашми зоҳирбин ниқобе дар миён
Дар ҳақиқат му намегунҷад миёни ҳусну ишқ
Гарчи дар зоҳир бувад нозу итобе дар миён
Соиби Табрезӣ