Ҷоно биё ки бе ту диламро қарор нест
Бешам маҷоли сабру сар интизор нест
Девона инчунин ки манам дар балои ишқ
Дил оқибат нахоҳаду ақлам ба кор нест
Гар хондамат муроду гар рондан орзуст
Он кун ки ройи туст маро ихтиёр нест
Моро ҳамин басаст ки дорем дарди ишқ
Мақсуди мо зи васли ту бусу канор нест
Эй дил ҳамеша ошиқу ҳамвора маст бош
Кон кас ки масти ишқ нашуд ҳушёр нест
Бо ишқ ҳамнишин шаву аз ақл баршикан
Куро ба пеши аҳли назар эътибор нест
Ҳар қавмро тарифатеву роҳеву қиблаест
Пеши Убайд қибла ба ҷуз кӯи ёр нест
Убайди Зоконӣ