Мадҳат куну бистой касеро ки Паямбар
Бистуду сано карду баду дод ҳама кор
Он кист бадин ҳолу ки будасту ки бошад?
Ҷуз шери Худованди ҷаҳон, Ҳайдари Каррор
Ин дини ҳудоро ба масал доирае дон
Пайғамбари мо марказу Ҳайдар хати паргор
Илми ҳама олам ба Алӣ дод Паямбар
Чун абри баҳори ки диҳад сайл ба гулзор
Касои Марвазӣ