Дил аз дин нашояд ки вайрон бувад
Ки вайрон замин ҷойи девон бувад
Нигаҳ дор дин ошкору ниҳон
Ки дин аст бунёни ҳар ду ҷаҳон
Паноҳи равонаст дину ниҳод
Калиди биҳишту тарозуи дод
Дари растгори варо аз Худой
Раҳи тавбаву тушаи он сарой
Зи дев имани ваз фаришта навид
Зи дузах гузору ба фирдавс умед
Раҳонандаи рӯз шумор аз гудоз
Диҳанда ба пул чинуд ҷавоз
Чароғест дар пеши чашми хирад
Ки дил раҳ ба нураш ба Яздон барад
Равон рост нав ҳиллае аз биҳишт
Ки ҳаргиз на фарсуда гардад на зишт
Раҳи дин гирад ҳарки доно бувад
Ба даҳр он гарояд ки коно бувад
Ҷаҳонро на баҳри беҳуда кардаанд
Туро наз пайи бози овардаанд
Суханҳои Эзад набошад газоф
Раҳи даҳриён дур бияфкан малоф
Бидон каз чи буд кин ҷаҳон офарид
Ҳамон чун шабу рӯз кардаш падид
Чаро боз тира кунад моҳу тир
Замин дар навардад чу нома дабир
Дами сур бишносу ангехтан
Равонҳо ба танҳо баромехтан
Ҳамон куштани марг рӯзи шумор
Заминро ки созад ба дил кирдигор
Замон чист бингар чаро сол гашт
Алиф нуқта чун буду чун дол гашт
Тану ҷон чаро созгор омаданд
Чи уфтад то ҳар ду ёр омаданд
Ҳама ҳаст дар дину зинсон басаст
Валек огаҳ аз корашон ку касаст
Агар кажу гар рост пуяндаанд
Ҳама кас раҳи рост ҷуяндаанд
Валекин дуруст оваридан ба ҷой
Мар онро намояд ки хоҳад Худой
Раҳи дин ба пой ор худ чун сазост
Ки гети ба дин офаридаст рост
Ҳама гети аз дев пар лашкаранд
Ситамкоратар ҳар як аз дигаранд
Агар нести бандашон доду дин
Рубуди ҳаме ин аз он он аз ин
Ба Яздон бадин раҳ тавон ёфтан
Ки куфраст азу рӯй тофтан
Баду некро ҳар ду подошанаст
Хунак онки ҷонаш аз хирад равшан аст
Асадии Тусӣ