Борид абр бар гули пажмурдаву гуфт
Каз қатра баҳри гуши ту овеза сохтам
Аз баҳри шустани рухи покизаат зи гард
Бигрифтам оби пок зи дарёву тохтам
Хандид гул ки дер шуд ин бахшишу ато
Рухсорае намонд, зи гармо гудохтам
Носозгори аз фалак омад, вагарна ман
Бо хок хӯ кардаму бо хор сохтам
Нанвохт ҳечгоҳ маро, гарчи бедареғ
Ҳар зеру бам ки гуфт қазо, ман навохтам
То хаймаи вуҷуди ман афрохт бахт гуфт
Каз баҳри вожгун шуданаш барфарохтам
Дигар зи нарди ҳастем умеди бурд нест
Каз тоқу ҷуфт, ончи маро буд бохтам
Манзуму мақсаде нашиносад ба ҷуз ҷафо
Ман бо як назора, ҷаҳонро шинохтам
Парвини Эътисомӣ