Шоҳиди хилватгаҳи ғайб аз нахуст
Буд пай ҷилва камар карда чуст
Оинаи ғайбнамо пеш дошт
Ҷилванамои ҳама бо хеш дошт
Нозиру манзур ҳаму буд ва бас
Ғайри вай ин арса напаймуд кас
Ҷумла яке буду дуии ҳеч на
Даъвии моиву туии ҳеҷ на
Буд қалам раста зи захми тарош
Лавҳ ҳам осуда зи ранҷи харош
Арш, қадам бар сари курсӣ надошт
Ақл, сари нодирапурси надошт
Силки фалак нозими анҷум набуд
Пушти замин ҳомили мардум набуд
Буд дар ин маҳд фурӯбаста дам
Тифли маволид ба хоби адам
Хост, ки дар оинаҳои дигар
Бар назари хеш шавад ҷилвагар
Равзаи ҷонбахш ҷаҳон офарид
Боғчаи кавну макон офарид
Кард зи шоху зи гилу баргу хор
Ҷилваи ӯ ҳусни дигар ошкор
Сарв нишон аз қади раънош дод
Гул хабар аз талъати зебош дод
Сабза ба гул ғолияи тар сиришт
Пеши гул авсофи хатти ӯ навишт
Шуд ҳаваси тарраи ӯ бодро
Баст гиреҳ тарраи шамшодро
Наргиси ҷомаш ба он чашми маст
Зад раҳи мастон сабӯҳипараст
Фохта бо тавқи таманнои сарв
Зад нафси шавқ зи болои сарв
Булбул ноланда ба дидори гул
Пардагушо гашта зи асрори гул
Кабк дари поичаҳо барзада
Зад ба сари сабза қадам, сарзада
Ҳусн, зи ҳар чок зад алқисса сар
Ишқ, шуд аз ҷой дигар ҷилвагар
Ҳусн, зи ҳар чеҳра, ки рух барфурӯхт
Ишқ, аз он шӯъла дилеро бисухт
Ҳусн, ба ҳар турра, ки ором ёфт
Ишқ, диле омада дар дом ёфт
Ҳусн, зи ҳар лаб, ки шакарханда кард
Ишқ, дилеро ба ғамаш банда кард
Қолабу ҷонанд ба ҳам ҳусну ишқ
Гавҳару конанд ба ҳам ҳусну ишқ
Аз азал ин ҳар ду ба ҳам будаанд
Ҷуз ба ҳам ин роҳ напаймудаанд
Ҳастии мо ҳаст зи пайвандишон
Нест гушоди ҳама ҷуз бандашон
Абдураҳмони Ҷомӣ