moh Rajab

Ин фурсатро ғанимат бишуморем. Моҳи Раҷаб фурсати хубе аст, моҳи дуо ва тавассул аст. Моҳи тавҷҷуҳ аст, моҳи истиғфор аст. Доим ҳам бояд истиғфор кунем. Ҳеҷкас ҳам хиёл накунад, ки ман аз истиғфор бениёз ҳастам. Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:

«انّه لیغان على قلبى و انّى لأستغفر اللَّه فى کلّ یوم سبعین مرّة»

Бешак Паёмбар ҳам ҳадди ақал рӯзи ҳафтод маротиба истиғфор мекарданд. Истиғфор барои ҳамма аст. Махсусан мо мардум, ки ба хотири ба даст овардани моли дунё ғарқи гуноҳ ва олуда ба гуноҳ шудаем ва олуда ва нопок ҳастем.

Истиғфор бахше аз ин олудагиҳоро покиза мекунад ва аз байн мебарад. Моҳи истиғфор аст. ИншаАллоҳ фурсатро ғанимат бишуморем.

Даромадани ин моҳро бар шумо табрик мекунем. ИншаАллоҳ, ки бар мо ва шумо ин моҳ муборак бошад ва аз ин моҳ вақте вориди моҳи Шаъбон мешавем, баъхше аз корҳоро ба тавфиқи илоҳӣ анҷом дода бошем.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст