Мадҳи ҳазрати Фотима(с) дар каломи Иқболи Лоҳурӣ
Марям аз нисбати Исо азиз
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз
Нури чашми раҳматул лил оламин
Он имоми аввалину охирин
Онки ҷон дар пайкари гети дамид
Рӯзгори тоза оин офарид
Бонуи он тоҷдори “Ҳал ато”
Муртазо мушкилгушо шери Худо
Подшоҳу кулбаи айвони ӯ
Як ҳисому як зиреҳ сомони ӯ
Модари он маркази паргори ишқ
Модари он корвон солори ишқ
Он яке шамъи шабистони ҳарам
Ҳофизи ҷамъияти хайрул умам
То нишинад оташи пайкону кин
Пушти по зад бар сари тоҷу нигин
Вон дигар мавлои аброри ҷаҳон
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон
Дар навои зиндаги сӯз аз Ҳусейн
Аҳли ҳақ ҳурият омуз аз Ҳусейн
Сирати фарзандҳо аз уммаҳот
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот
Мазраи таслимро ҳосил батул
Модаронро усваи комил батул
Баҳри муҳтоҷи дилаш онгуна сухт
Бо яҳуди чодари худро фурухт
Нуриву ҳам оташе фармонбараш
Гум ризояш дар ризои шавҳар аст
Он адаб парвардаи сабру ризо
Осиё гардону лаб Қуръон саро
Гиряҳои ӯ зи болин бениёз
Гавҳар афшонди ба домони намоз
Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин
Ҳамчу шабнам рехт бар арши барин
Ришати оини ҳақ занҷири пост
Поси фармон ҷаноб Мустафост
Варна гирди турбаташ гардидаме
Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидаме
Иқболи Лоҳурӣ