Шабоби умр аҷаб бо шитоб мегузарад
Бадин шитоб Худоё шабоб мегузарад
Шабобу шоҳиду гул муғтанам бувад соқи
Шитоб кун ки ҷаҳон бо шитоб мегузарад
Ба чашми худ гузари умри хеш мебинам
Нишастаам лаби ҷӯеву об мугузарад
Ба рӯи моҳ наёри ҳадиси зулфи сиёҳ
Ки абр аз ҷулуи офтоб мегузарад
Хароби гардиши он чашми ҷовидон мастам
Ки даври ҷоми ҷаҳон хароб мегузарад
Ба обу тоби ҷавони чигуна ғирра шуди
Ки худ ҷавониву ин обу тоб мегузарад
Ба зери санги лаҳад устухон пайкари мо
Чу гандуме аст ки аз осиёб мегузарад
Камони чархи фалак Шаҳриёр дар кафи кист
Ки рӯзгор чу тири шаҳоб мегузарад
Шаҳриёр