Дар мақолаи пеш ишора кардем, ки таъсири ислом бар адаби форсӣ саҳми босазое гузошта аст. Дар инҷо ба чанд намуна ишорае хоҳем кард.
Фурсатро ғанимат дон
قال رسول الله ان لربکم فی ایام دهرکم نفحات الا فتعرضوا لها
Пайғамбари Акрам(с) фармуд: Дар айёми зиндагӣ шумо, вақтҳо фурсатҳои муносибро Худованд дар ихтиёратон қарор медиҳад, бикушед аз он фурсатҳо истифода кунед.
Мавлавӣ аз ин ҳадис чунин илҳом мегирад:
Гуфт Пайғамбар, ки нафҳатҳои ҳақ
Андар ин айём меорад сабақ
Гуш ҳаш доред ин авқотро
Дар рубоед ин чунин нафҳотро
Туҳфае омад шуморо диду рафт
Ҳаркиро мехост ҷон бахшиду рафт
Нағмае дигар расид огоҳ бош
То аз ин ҳам во намони хоҷа бош
Дар инки фурсат, зуд аз даст меравад ва дер ба даст меояд, ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: الفرصة سریعة الفوت بطیئة العود»
Маликушшуаро Баҳор мегуяд:
Фурсат мадеҳ аз даст чу вақте ба каф афтод
К-ин модари иқбол ҳама сола назояд
Ҳолат мегуяд:
То фурсати кор ҳаст, оқил бояд
Коре кунаду баҳра аз он бирубояд
Фурсат ки басе зуд зи дасти ту равад
Бас дери дигар бора ба дастат ояд
Пули дунё
Ҳазрати Исо(а) ба ҳавориюн ва асҳоби хосси худ фармуд: Дунё пуле аст, пас бояд аз он убур кунед ва онро барои ҳамеша мондан иморат накунед.
Саъдӣ гуяд:
Дунё ки ҷасри охираташ хонд Мустафо
Ҷойи нишаст нест бибояд гузор кард
Дорулқарори хонаи ҷовиди одамист
Ин ҷой рафтан асту нашояд қарор кард
Чанд устухон ки ҳовон даврони рӯзгор
Хурдаш чунон бикуфт ки хокаш ғубор кард
Носири Хисрав гуяд:
Чи банде бар рубот пур хатар дил
Мусофир то ба кай монад ба манзил
Пулест ин даҳру ту бар вай равони
Насозад хона, бар пул корвоне
Чу хоҳи з-ин саро рафтан яке рӯз
Шаби таҷрид, шамъе бар фурузӣ