Қуръон китоби динӣ ва эътиқодномаи ҳамаи мусулмонони ҷаҳон аст. Қуръони шариф китоби ҳикмат ва ҳидояти назар ба таоли инсонҳо аз хок то афлок дорад. Ва асосан омода аст, ки одамизодро аз муғоки шаҳватҳои пасти ҳайвони ба авҷи афлок ва сафарҳои осмони бирасонад.

Китобе ки бо гузашти ҳазору чаҳорсад сол, бо зиндагӣ онон аҷин шуда аст ва гуӣ бо рагу пусту хуни онон дар ҳам омехта аст. Ба ҳамин хотир хондан, дарки мафоҳим ва омузиши ин китоби бузург ба манзилаи зистан ва ҳаёти дубора мо бо Қуръон аст. Аз рӯзе ки мутаваллид мешавем то рӯзе ки аз ин ҷаҳони фони тушаи ҳаёти охиратиро бар мегирем ва рахти сафар мебандем дар ғаму шоди ва дар зиндагӣ иҷтимоӣ ва фарди бо Қуръон ва ҳадис сару кор дорем ва ҳамин мулозимат бо ин китоби осмонӣ ниёз ба фаҳмидан ва фаҳмонидани онро барои ҳар мусулмоне ошкор месозад.

Яке аз ифтихороти шоирон, суханварони ва нависандагони мо мусулмон будани онҳост. Бо нигоҳи гузаро ба осори ин бузургон пайдост ки бисёре аз иборатҳо ва таъбирот ва ишораҳо ва далелҳои онон баргирифта ё илҳом аз Қуръон ва ё ҳадисҳои Пайғамбари Акрам(с) аст.

Ба тавре ки шоирони бузурги мо аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Саноӣ, Хоқонӣ, Аттор, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо тан дар ҷой ҷойи хеш ба китоби осмони ва суханварони гаронбаҳои Пайғамбари Акрам(с) таваҷҷуҳ доштаанд. Агар бигуем ки шеърҳои ин бузургонро бидуни фаҳми тафсири Қуръон ба дурусти дар меёбем бояд дар сиҳҳати ин сухан шак кунем. Чаро ки худи ин бузургон гуфтаанд “ҳарчи доранд ҳама аз давлати Қуръон доранд” ва ё “Қуръонро ба чаҳордаҳ ривоят медонанд ва мехонанд” ва низ ифтихор мекунанд сухани худро ба ояте ё иборате аз Қуръон ва ё ҳадисҳо зинат додаанд ва он калимоти дурахшон ва нурониро монанди хуршеде бар осмони назму насри худ нишонидаанд.

Пас бар мост ки бо хондани Қуръон ва тадаббур дар мафоҳими амиқи ин китоби азим ва суннати шарифи Набавӣ(с)ро аз нуфузи ин паёмҳои саршон аз нур ва сурур ва шуурро бар нуфуси бандагон дарёбем.

Дар инҷо ба зикри чанд намуна аз шеърҳои бархе аз шоирони бузург ба оёт ва ҳадисҳо назар доштаанд мепардозем. Дар оянда иншоаллоҳ бештар ба ин мазӯъ мепардозем.

Дунё

قال النبی (صلی الله علیه و آله) «الدنیا جیفة و طلابها کلابها

Пайғамбари Акрам(с) фармуд: Дунё мурдор аст ва хоҳандагони ҳариси он, сагон ҳастанд.

Саноӣ Ғазнавӣ мегӯяд:

Ин ҷаҳон бар масали мурдоре аст

Каркасон гирди ӯ ҳазор, ҳазор

Ин ҳар онро ҳаме занад махлаби он

Бар инро ҳаме занад минқор

Охирул амр бар паранд ҳама

В-аз ҳама боз монд ин минқор

Махлаб: Чангол

Мавлавӣ

Чашми сайид чун ба охир буд ҷуфт

Пас бадон дида ҷаҳонро ҷифа гуфт

Носири Хисрав

Эй писар машғули ин дунёст халқ

Чун ба мурдор аст машғули ин калоб

Ҷомӣ

Дунё ҷифа асту аҳли дунё аксар чу сагони ҷифахор

Идома дорад...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст