Эй боғбон бигӯ ки раҳи бустон куҷост
Дар бустон гуле чу рухи дустон куҷост
В-эй дустон чи бошад агар огаҳи диҳед
К-он сарви гулизори маро бустон куҷост
То чанд ташна бар сари оташ тавон нишаст
Он оби руҳпарвари оташ нишон куҷост
Дар дам ба ҷон расиду табибам падид нест
Дору фуруши хаста дилонро дукон куҷост
Ман хуфта ҳамчу чашми ту ранҷуру дар дилат
Рӯзе гузар накард ки он нотавон куҷост
Чун зи оби дидаи ноқаи мо дар ваҳил бимонд
Бо мо бигӯ ки марҳилаи корвон куҷост
Аз бас дили шикаста ки бар ҳам афтода аст
Пайдо нашавад ки раҳи сорбон куҷост
Дар водии фироқ ба ҷуз чашмҳои мо
Равшан бигу ки чашмаи оби равон куҷост
Хоҷӯ зи баҳри ишқи карон чун тавон гирифт
Зеро ки кас нагуфт ки онро карон куҷост
Хоҷӯи Кирмонӣ